ТАҚВИМ 2018 ЧОРАҲОИ БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛИЁТИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ
No hay miniatura disponible
Fecha
Autores
Título de la revista
ISSN de la revista
Título del volumen
Editor
FAO ;
Resumen
Descripción
Малахҳои галагӣ ва ғайригалагӣ ба соҳаи кишоварзӣ хатари ҷиддӣ доранд, чунки онҳо ба ҳамаи намудҳои зироатҳои кишоварзӣ ва растаниҳои ёбоӣ ҳамла мекунанд. Беҳтарин стратегияи мубориза бар зидди малах – стратегияи пешгирикунанда ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он гузаронидани мушоҳидаҳои мавзеъҳои зисту зиндагии малах дар давраҳои муҳими ҳаётии он, бо мақсади сари вақт ошкор намудани ҷамъшавии онҳо ва аксуламали зуд нишон додан мебошад. Дар ин сурат амалиёти мубориза бар зидди малах метавонад то замони афзоиши ҷиддии миқдори онҳо, вақте ки хатари мустақим ба майдонҳои кишт вуҷуд надорад, анҷом дода шавад.
Тақвими мазкур асосан ба чораҳои бехатарӣ, ки бояд аз ҷониби аҳолии маскуни маҳалли паҳншавии малах андешида шаванд, дахл дорад. Он аз ҷониби ФАО бо кумаки молиявии кишвари Ҷопон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) бароварда шудааст [Лоиҳаи беҳтарнамоии мубориза бар зидди малах (GCP/INT/238/JPN)].
