Низоми обёрии зироатҳои кишоварзӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим ва банақшагирии ҳосилнокӣ

No hay miniatura disponible

Fecha

Autores

Título de la revista

ISSN de la revista

Título del volumen

Editor

FAO ;

Resumen

Descripción

Нашрияи пешниҳодшуда барои тартиб додани низоми обёрии зиратҳои кишоварзӣ ҳангоми ба нақша гирифтани ҳосилнокии онҳо бо назардошти тағйир ёфтани иқлим пешбинӣ шудааст. Дар он алгоритми ҳисоббарории реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба ҳосилнокии нақшавӣ, ки аз чор марҳила иборат аст, равшан дарҷ гардидааст. Маълумот оиди ҳисоббарории намнокии қабати фаъоли хок қабл аз обмонӣ, ҳисоббарории давраҳои инкишофёбии фенологии зироатҳои кишоварзӣ, усулҳои тартиб додани реҷаи обёрӣ, ки аз теъдоди обмонӣ, меъёри обмонӣ, санаи гузаронидани обмонӣ, давраҳои байни обмониҳо ва гидромодули обмониҳо иборат мебошанд, муфассал оварда шудааст. Инчунин формулаҳо барои ҳисоббарории намнокии хок пеш аз обмонӣ барои зироатҳои гунингуни кишоварзӣ оварда шудааст. Баҳри тартиб додани реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ҳангоми банақшагирии ҳосил истифодаи усули графоаналитикӣ ва аналитикӣ пешниҳод шудааст. Дар охир мувофиқи моделҳои пешгӯии тағироти иқлим, тавсияҳо оид ба реҷаҳои обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи мутобиқгардони реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ба тағирёбии иқлим оварда шудааст. Дастури таълимии мазкур бароии мутахассисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муҳандисони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, кормандони вазорату идораҳои марбут ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, донишҷӯёни соҳаҳои гидромелиоратсия, аграрӣ, иқтисодиёти аграрӣ ва дигар истифодабарандагони об пешбини шудааст.

Palabras clave

Citación