Дастури таълимии лоиҳакашӣ, сохтмон ва васлкунии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ

Resumen

Descripción

Дар дастури таълимии мазкур зинаҳо, марҳила ва тартиби лоиҳакашӣ, сохтмон, васлкунӣ, санҷиш ва супоридани СБОО ба истифодабарандагон муфассал маълумот дода шудааст. Дар боби аввал маълумот оид ба зиннаҳои лоиҳакашии СБОО овара шуда, самтҳои муайян кардани нишондодҳои зарурӣ ва марҳилаҳои асосии лоҳакашии СБОО пешниҳод карда шудааст. Боби дуввум доир ба амалинамоии марҳилаҳои лоиҳакашӣ муфассал баён ёфта, аз тартиби ҷамъоварии маълумоти метеорологӣ, маълумот дар бораи макон, хок ва сарчашмаи обӣ оғоз меёбад. Сипас дар бораи ташхиси намудҳо ва ҷойгиршавии зироатҳои кишоварзӣ, муайян кардани обталабии онҳо оварда шуда, марҳиллаи интихоби ҷузъҳои асосӣ ва тарҳрезии СБОО баён гаштаааст, ки азсистемаи васлкунии офтобии беҳаракат ё ҳаракатнок, агрегати насоси барқии зеризаминӣ ё рӯи заминӣ, истифодабарии аз махзани об ё бе махзан ва усули обёрии қатрагӣ ё ҷӯякӣ иборат мебошанд. Пас аз арзёбии андозаҳо ва арзиши СБОО баҳодиҳии самаранокии молиявии кулли система оварда шудааст. Дар охири ин боб мавзӯъҳои интихоби пешакии таъминкунандагони пуриқтидор, баҳодиҳии нархномаҳо ва сифати пешниҳодгардида ва бастани шартнома бо таъминотчии беҳтарин баррасӣ шудааст. Дар боби сеюм масъалаҳои сохтмон, васлкунӣ ва ба истифода додани СБОО ба пуррагӣ оварда шуда, аз баррасии марҳилаҳои раванди корҳои сохтмонӣ ва васлкунииСБОО оғоз меёбад. Сипас дар бораи ташкили корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ гуфта шудааст, ки аз дарёфт кардани сохтмончӣ ва васлгари боэътимод ва банқшагирии корҳо оид ба тайёр кардани майдони васлкунии таҷҳизоти СБОО оварда шудааст. Дар идома масъалаҳои раванди сохтмон ва васлкунии таҷҳизоти СБОО амиқ оварда шуда, тартиби гузаронидани санҷиш ва қабули насоси фотоэлектронӣ, инчунин санҷиш ва қабули кулли система дарҷ шудааст. Дар интиҳои ин боб раванди ҳуҷатгузори ҳаммаи таҷҳизоти васлу санҷишшуда оварда шуда, масъалаҳои супоридани система ва омӯзонидани истифодабарии онҳоро ба истифодабарандагон дарҷ шудааст. Дастури таълимии мазкур барои мутахассисони соҳаи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва муҳофизати замин, захираҳои об, донишҷӯёну магистрон, аспирантҳо, унвонҷӯён, истеҳсолотчиён ва доираи васеъи кормандони илм ва амалияи кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Дастури методӣ оид ба «Истифодабарии системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ» бо қарори ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (суратҷаласаи №13 аз 02.07.2021) ҳамчун дастури таълимӣ ба чоп тавсия ва тасдиқ карда шудааст.

Palabras clave

Citación